LIVE

“Реал” аз Роберто Мартинес ранҷид

“Реал Мадрид” амали  тими миллии Белгияро нисбати бозигари худ Эден Азар беэҳтиромӣ номид. Футболбоз дар ду вохӯрӣ ягон дақиқа бозӣ накардааст.
Бошгоҳи шоҳона қаблан хоҳиш дошт, ки ин футболбози 29-соларо дар қароргоҳи худ нигоҳ дорад, то ӯ ба оғози мавсими оянда омодагӣ гирад. Худи Эден низ ибтидо нақшаи тарк кардани клубро надошт, аммо сармураббии тими миллии Белгия - Роберто Мартинес ӯро водор кард, ки ба тими миллӣ равад.
Дар натиҷа, Азар дар ду бозии Белгия - бо Дания (2:0) ва Исландия (5: 2) як дақиқа ҳам ба майдон бароварда нашуд. Ҳамзамон, шарики ҳамлагар, дарвозабон Тибо Куртуа, ки “Реал” низ нахост то ӯ низ ба тими миллӣ равад,  дар клуб монд. Дар даври аввали чемпионати Испания “Реал Мадрид” дар майдони худ бо "Хетафе" бозӣ мекунанд. Ин бозӣ рӯзи 13 сентябр сурат мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив