LIVE

Мунтахабҳои U-16 ва U-19 рақибони худро дар Чемпионати Осиё пайдо мекунанд

Маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони 16 ва ҷавонони 19 сола, ки дар он мунтахабҳои Тоҷикистон иштирок мекунанд, санаи 18-уми июн дар қароргоҳи КФО дар шаҳри Куала-Лумпур баргузор мегардад. Наврасони кишвар бо дастаҳои Бахрайн, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ шомили сабади якуманд. Яъне ин маънои онро дорад, ки футболбозони мо бо ин мунтахабҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ бозӣ нахоҳанд кард. Тибқи  тақвим Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 16 сола аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар кишвари Баҳрайн баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон  бошад, дар сабади дуюм бо тимҳои Ҷопон, Австралия ва Индонезия ҷойгир аст.  Мусобиқаи қаҳрамонӣ байни футболбозони то 19 сола аз 14-ум то 31-уми октябр дар Ӯзбекистон доир мешавад.  Ёдовар мешавем, ки аз Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасон ва ҷавонон  чор дастаӣ  ба Чемпионати ҷаҳон-2021, ки дар кишварҳои Перу (U-17) ва Индонезия (U-20) сурат мегиранд, роҳхат пайдо мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив