LIVE

Футболбозон дар Англия ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд

Баъд аз дастаи “Арсенал” ҳамакнун ҳаракати мошинҳои қимматбаҳои футболбозони тими дигари лондонӣ - “Тоттенхэм” низ дар назди қароргоҳи бошгоҳ ба мушоҳида расид. Ин гувоҳи он аст, ки даста ба бозигаронаш расман иҷозаи тамрин дар қароргоҳи асосиро додааст. Ҳайати тим яке пайи дигаре вуруди тамрингоҳи дастаашон шуда, тамринро инфиродӣ анҷом медиҳанд ва барои онҳо танҳо як майдон ҷудо карда шудааст. Феълан дарҳои толорҳои машқи бадан ва дигар биноҳои ёрирасон қулф зада шудааст. 
“Тоттенхэм” баъд аз он ба тамринҳо оғоз гардид, ки ҳукуматдорони кишвараш ба карантин каме сабукиҳо ҷорӣ намуданд. Ҳар як нафар метавонад ба варзиш машғул шавад, вале аз ҳамдигар бояд дар масофаи на камтар аз ду метр қарор бигирад.  Дар Англия “Арсенал” аз зумраи аввалинҳо шуда бозигарони худро ба тамрин дар қароргоҳ ҷалб намуд ва ҳамакнун гуфта мешавад, ки дастаҳои “Тоттенхэм” ва “Вест Хэм” низ ба тамринҳои инфиродии худ оғоз карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив