LIVE

Сон либоси варзиширо бо ҳарбӣ иваз кард

Ҳамлагари мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ оид ба футбол - Сон Хин Мин дар машқҳои ҳарбӣ ширкат мекунад. Ин бозигар дар Қушунҳои Кореяи ҷанубӣ  1 моҳ  ба тамринҳо ҷалб карда мешавад. Сон тайёриро дар қароргоҳи баҳрии ҷазираи Чеҷудо мегузаронад. Баъдан моҳи май ин футболбоз аз Корея ба Англия бармегардад. Футболбози дастаи “Тоттенхем” аз моҳи марти соли ҷорӣ дар ватанаш қарор дорад. Бинобар пандемияи коронавирус ӯ дар карантин қарор дорад. Ёдовар мешавем, ки Сон Хин Мин  аз сол 2015 инҷониб дар ҳайати “Тоттенхэм” ҳунарнамоӣ мекуанд. Айни замон Чемпионаи Англия дар қатори дигар мусобиқаҳо  бинобар  паҳншавии коронавирус манъ кара шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив