LIVE

Футболбозони “Арсенал” ба майдон баргаштанд

Шуруъ аз имрӯз 27-уми апрел ба бозигарони дастаи “Арсенал”  расман иҷозаи тамрин дар қароргоҳи клуб дода шуд. Дар ин бора  ВВС менависад.
Ҳайати даста дар қароргоҳи дастаашон ба ҳам омада, тамринро инфиродӣ анҷом медиҳанд ва барои онҳо танҳо як майдони тамринӣ ҷудо карда шудааст.  
“Арсенал” баъд аз он ба тамринҳо оғоз гардид, ки ҳукуматдорони кишвараш ба карантин каме сабукиҳо ҷорӣ намуданд. Ҳар як нафар метавонад ба варзиш машғул шавад, вале аз ҳамдигар бояд дар масофаи на камтар аз ду метр қарор бигирад.  Дар Англия “Арсенал” аз зумраи аввалинҳо шуда бозигарони худро ба тамрин дар қароргоҳ ҷалб намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив