LIVE

Барои мардуми Чин ба майдон набаромадани Озил ҷашни ҳақиқии футбол аст

Шабакаи телевизионии Чин (PPTV) бозии дастаҳои футболи «Эвертон» ва «Арсенал»-ро намоиш дод. Дар даври навбатии Премйер-лигаи Англия ин ду тим дидори хешро бо натиҷаи мусовии (0:0) ҷамъбаст намуданд. Дар ибтидо шабакаи мазкур иҷозаи пахши дидорҳои тими “Арсенал”-ро надошт, аммо баъд аз он, ки дар ҳайати бошгоҳи лондонӣ ниммуҳофизатгар - Месут Озил дида нашуд, баъдан рақобати мазкур пешниҳоди мухлисон гардид. Чиниҳо баъд аз он, ки дар шабакаҳои ичтимоӣ, футболбоз назари хешро дар мавриди муносибати хитоиҳо нисабти мардуми уйғур  баён дошт, роҳбарити ин кишвар пахши бозиҳои “Арсенал”-ро барои мардумаш манъ кард. Маҳз ин омил боис барон шуд, ки дидори «Арсенал» бо «Манчестер Сити» пешниҳод нагардад. Роҳбарияти шабакаи PPTV гуфтааст, ки мухлисон танҳо дар он ҳолат бозиҳои “Арсенал”-ро тамошо карда метавонанд, ки дар ҳайати асосӣ ва захиравӣ Месут Озил шомил набошад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив