LIVE

Футболи Италия рӯ ба беҳбудӣ дорад

Дар Италия талаботҳо нисбати карантин сабукӣ оварда шуд ва он имкон медиҳад, ки футболбозон ба тамринҳои худ дубора баргарданд. Тимҳои футболи ин кишвар шуруъ аз рӯзи 4 май имкон доранд, ки тамринҳои худро оғоз кунанд. Аммо то рӯзи 18-уми май футболбозон дар алоҳидагӣ тамрин мекунанд. Дар ин бора сарвазири Италия - Ҷузеппе Конте расман хабар дод.
“Рӯзи 4 май имкон доред, ки дар мавзеъҳои кушод ва боғҳо тамрин намоед, аммо аз ҳамдигар дар масофаи на камтар аз 2 метр фосила бигиред. Клубҳои футбол ва сексияҳои варзишӣ низ тамринҳои худро ба роҳ монанд. Аммо тамлаботҳои дар боло зикршударо риоя бояд кард. Расман тамринҳои дастаҳои касбӣ ва мактабҳои варзишӣ аз рӯи дилхоҳ намудҳои варзиш рӯзи 18-уми май оғоз мешаванд. Дар ин бора сарвазири Италия хабар медиҳад”. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив