LIVE

Футбол ба майдонҳои Италия бармегардад

Вазири варзиши Италия - Винченсо Спадафора қайд кард, ки бошгоҳҳои кишвари мазкур кай имкони ба тамринҳо баргаштанро доранд.
"Айни ҳол на натҳо дар Италия қариб, ки дар тамоми сайёра мардум аз бемории корона азъият мекашанд. Ба ҳамин хотир аз дастаҳои Серияи А эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки муддати як ду ҳафтаи дигар аз тамринҳои сарҷаъмона худдорӣ намоянд. Мо боварӣ дорем, ки рӯзҳои наздик ҷаҳон бар ин беморӣ ғолиб меояд. Шояд дастаҳо то 4-уми май пурра ба тамринҳо баргарданд. Аммо ҳамаи бозиҳо бидуни мухлисон баргузор хоҳанд шуд”, - иқтибос меорад Football Italia - суханҳои Винченсо Спадафораро.
Тибқи маълумотҳои охир аллакай то имрӯз дар ҷаҳон 2 053 279 шахс ба вируси корона мубтало шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив