LIVE

«Барселона» «Камп Ноу»-ро мефурӯшад

«Барселона» бори аввал дар таърихи мавҷудияти хеш тасмим гирифтааст, ки исми варзишгоҳи худро ба ивази маблағ тағйир диҳад. Каталониҳо ин иқдоми худро бо мақсади мубориза бар зидди хурӯҷи коронавирус маънидод намудаанд. «Барселона» омодааст, ки бо сарпарастон дар масъалаи исми варзишгоҳи худ, ки «Камп Ноу» ном дорад, сари мақсад биоянд. 
Мутахассисони бахши тарғиботии даста феълан дар ҷустуҷӯи сарпарасти асосӣ ҳастанд ва омодаанд барои мавсими 2020/21 қарордод ба имзо расонанд. 
Гуфта мешавад, ки тамоми маблағҳое, ки аз ин ҳисоб ба даст оварда мешаванд, барои анҷоми таҳқиқотҳо дар самти пайдо кардани услубҳои табобати вируси КОВИД-19 сарф мешаванд. Ёдовар мешавем, ки «Барселона» бори аввал номи варзишгоҳи худро ба фурӯш мегузорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив