LIVE

Кӯмаки “Барса” ба беморон

Дар Испания беш аз 80 ҳазор ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус сабт шудааст, ки аз ин миён 6803 бемор ҷони худро аз даст додаанд. Дар пайи пешгирӣ аз ин вабои аср дар қатори дигар созмону ташкилотҳо бошгоҳи “Барселона” низ барои сокинони шаҳри Каталония як иқдоми хайрхоҳонаро рӯи даст гирифт. “Барселона” 30 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба Департаменти саломатии шаҳри Каталония тақдим намуд, дар ин бора хадамоти матбуоти бошгоҳ иттилоъ дод. Тибқи гузоришҳо ин ниқобҳо дар Чин истеҳсол карда мешаванд ва онҳо ҳамчун қисми мубориза бо пандемияи коронавирус истифода мешаванд. Азҷумла, истифодаи онҳо дар хонаҳои пиронсолон ба нақша гирифта шудааст. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, "Барселона" талафоти имконпазирро ба 140 миллион евро тахмин мезанад. Роҳбарияти даста бар он назаранд, ки  бӯҳроне, ки аз пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст, таъсири хеле манфии молиявӣ ба буҷаи даста хоҳад дошт. Қаблан “Барселона” барои кам намудани музди маоши коргарон хабар дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив