LIVE

Футболбози "Ювентус" ба коронавирус гирифтор шуд

Дифоъгари бошгоҳи "Ювентус"-и шаҳри Турин - Даниел Ругани аз ташхиси коронавирус гузашт. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи мазкур иттилоъ дод. Дастаи "Ювентус" аз соли 2015 Руганиро аз ҳайати тими "Эмполи" харидорӣ карда буд. Дар мавсими ҷорӣ ин бозингар дар се бозии дастаи "Ювентус" вориди майдон шуда, танҳо як корти зардро ба номаш сабт кард.
Вируси COVID-19 дар охири соли 2019 дар Чин хурӯҷ кард. То ин замон аз ин вирус 4,5 ҳазор нафар ҷони хешро аз даст додаанд. Шумораи сироятёфтагон бошад, ба 66 ҳазор нафар расид. Дар Италия шумораи сироятёфтагони коронавирус ба 12 ҳазор нафар расидааст, ки 820 нафарашон вафот карданд. Ҳоло дар Италия вируси COVID-19 дар ҳоли авҷ аст.

Next Post

Комментарии 1

Абдурахмон
Абдурахмон от 12 марта 2020 22:10
Намедонан чхе дуруг бган 

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив