LIVE

Озодихоҳони Каталония таҳдид ба “Эл Классико”доранд

Ҷонибдорони соҳибистиқлолии Каталония  дар назди варзишгоҳ барои ташкили  эътирози навбатӣ омода мешаванд. Бо ин роҳ онҳо мақсад доранд то монеи бозии  «Барселона» бо «Реал» гардад. Наздик ба  25 000 эътирозгар бо ин иқдоми худ мехоҳанд  бозӣ дар «Камп Ноу» баргузор нашавад. Гурӯҳи мазкур гуфтаанд, ки дар дохили варзишгоҳ низ эътирозҳои хешро идома хоҳанд дод. Барои таъмини амният беш аз 3000 корманди ҳифзи ҳуқуқ вазифадор шудааст то автобуси футболбозон бидуни зарар то ба варзишгоҳ омада расад. Бозии «Барселона» ва «Реал» рӯзи  18-уми декабр баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив