Дифогари "Реал" Дани Карвахал гуфтааст, ки хоҳиши сафар ба "Камп Ноу” ва шикаст додани "Барселона"-ро дорад. Таъмин нашудани амният низ маро нигарон намекунад. Вале мо ҳоло барои дидор бо "Валенсия" омода мешавем. Барои ин бозӣ низ имтиёз медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки дидори дастаҳои "Барселона" ва "Реал" мебоист дар даври 10-уми Ла-Лига баргузор мешуд. Бо иллати мушкилотҳои сиёсӣ ва эътирозҳо дар Каталония рӯзи баргузории Эл-Классико ба дигар вақт гузаронида шуд.
