LIVE

Эл-Классико дар "Камп Ноу" баргузор намешавад

Ҳифзи ҳуқуқи Каталония нисбати Эл-Классико, ки  18-уми декабр бояд баргузор шавад, норозигии худро баён намуд. Ба иттилои La Sexta кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа гуфтанд, ки таъмини амниятро дар дидори мазкур кафолат дода наметавонем. Дар Каталония дигарбора эътирозҳои мардум сар мезанад ва аз ҳисоби кам будани шумораи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бехатарии ҳаракати микроавтобуси “Реал Мадрид”-ро таъмин карда наметавонад.  Дар доираи бозиҳои даври 10-уми Чемпионати Испания мебоист Эл-Классико рӯзи 26-уми октябр баргузор шавад, аммо бо сабаби эътирозҳо ба дигар вақт гузаронида шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив