LIVE

«Футбол пояи насли солим»

Имрӯз, 1-уми июн ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон эълон гаридааст ва ҳамасола дар ин сана чорабиниҳои гуногун бо иштироки насли наврас сурат мегирад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии пойтахт Фестивал, таҳти унвони “Футбол пояи насли солим” баргузор намуданд. “Футбол пояи насли солим” ба муносибати рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Фестивали футбол роҳандозӣ гардид. Дар ин чорабинии солимгардонӣ Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, масъулони Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии пойтахт ва дигар сокинону мураббиёни футболи кӯдакона ширкат намуданд. Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба хотири солимии ҷомеа ва ба тарбияи ҷисмонӣ ҷалб гардидани насли ояндасози ҷоме равона шудааст, гуфта шуд дар оғози ҷорабинии мазкур. Дар Фестивал аз тамоми майдону майдончаҳои навбунёди чаҳор ноҳияи пойтахт кӯдакону наврасон ҷалб гардида буданд. Ба иқрори масъулин имрӯзҳо аз ҳисоби иншооти варзишии муосири бунёдгардида, дар шаҳри Душанбе рӯз то рӯз шумоари дастаҳои кӯчаву маҳаллаҳо бештар мегардад. Тавре гуфта шуд, мусаламаст, ки на ҳама кӯдакону наврасон имкони тамрин ё таҳсил гирифтан дар мактабҳои варзиширо доранд, майдончаҳои муосир ба ин табақа низ имкон медиҳад то дар назди манзили хеш ба таври ройгон ба варзиш ҷалб гарданд. Агар аз як ҷониб фестивали футболро ба хотири ҳавасмандгардонии кӯдакон дар рӯзи идашон роҳандозӣ карда бошанд, аз ҷониби дигар истеъдодҳои нав ба намояндагони футболи тоҷик муъаррифӣ карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив