LIVE

Мушкилоти мадридиҳо қабл аз Эл-классико

     То оғози Эл-классико, ё худ бозии "Барселона" бо "Реал Мадрид" камтар аз ду ҳафта боқӣ мондааст, аммо мадридиҳо дар ҳайати асосии худ дучори мушкилоти ҷиддӣ шудаанд. Қаблан ситоди табибони бошгоҳи шоҳона хабар дода буд, ки ҷароҳати бардоштаи Эден Азар он қадар ҷиддӣ нест ва ӯ дар камтар аз даҳ рӯз барқарор мешавад. Аммо рафти барқароршавӣ суст рафта истодааст. Футболбози белгиягӣ то ҳанӯз бо асобағал роҳ меравад ва шиддати дардро эҳсос карда истодааст. Ба ҷуз ин, ташхиси навкарда дар буғуми пойи рости ӯ, таркишро ошкор кард. Ҳамин тавр, иштироки Азар дар бозӣ бо «Барселона», ки рӯзи 18 декабр ба нақша гирифта шудааст, зери суол аст.

Бозӣ намудани бозингари калидии дастаи шоҳона, ҳимоятгари бразилӣ Марсело низ дар ин бозӣ ғайриимкон аст, зеро мушакҳои пойҳояшон осеби ҷиддӣ дидаанд. Маълумоти аниқ дар бораи вақти барқароршавии саломатии футболбози бразилӣ то ҳол маълум нест, аммо тибқи тахминҳо мумкин аст то се ҳафта идома ёбад. Ин ҷароҳати чоруми Марсело дар мавсими кунунӣ буда, қаблан ӯ бо сабабҳои дигар низ ҷароҳат бардошта буд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив