LIVE

Варзишгоҳҳои бузург ба беморхона табдил ёфтанд

Ҷаҳони футбол кӯшиш дорад, то ҳамаҷониба барои нест кардани бемории коронавирус ёрии худро расонад. Яке маблағ ҷудо мекунад, дигаре таҷҳизот мехарад, сеюмин ба беморон хӯрок тақсим мекунад ва бархеи дигар варзишгоҳҳои худро зери ихтиёри табибон мегузоранд.  
Хурӯҷи бемории коронавирус саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ин аст, ки ба роҳ мондани рақобатҳои варзишӣ аз аҳамият дур монданд. Зеро айни замон масъалаи аввалиндараҷа наҷот додани ҷони инсоният ба шумор меравад. Намояндагони футболи ҷаҳонӣ низ тасмим гирифтанд, ҳамаҷониба ба табибон кӯмак расонанд. Варзишгоҳи машҳури “Маракана”, ки дар соли 2014 мизбони даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2014 буд, ба беморхонаи мувваққатӣ барои гирифторони бемории коронавирус табдил дода шуд. Инчунин дар Бразилия якчанд дастаҳо аз қабили «Коринтианс», «Ботафого», «Сантос» ва «Сан-Паулу» майдонҳои худро дар ихтиёри духтурон гузоштанд.
Дар Испания низ шумораи сироятёфтагони беморӣ рӯз то рӯз зиёд шудааст. Бошгоҳи “Реал” на танҳо аз ҷиҳати молиявӣ ёрӣ мерасонад, балки варзишгоҳи худро барои анбори таҷҳизоти духтурон пешниҳод намуд.
Дар ин радиф “Манчестер Сити” низ қафо намонд. “Шаҳриҳо” бо Хадамоти тандурустии кишвар барои истифодаи варзишгоҳи “Иттиҳод” шартнома бастанд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷо курсҳои омӯзишии тиббӣ барои он афроде, ки бо ин гирифторони бемории коронавирус кор мекунанд, роҳандозӣ мегарданд.
Ҳамчунин дастаҳои “Уотфорд” “Порту”, ”Спортинг” майдонҳои худро ба духтурон супориданд. Чӣ хеле ки маълум гардид, ҷаҳони футбол кӯшиш дорад то ҳамаҷониба барои нест кардани ин беморӣ ёрии худро расонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив