LIVE

Роналду меҳмонхонаҳои худро ба беморхона табдил дод

Ҳамлагари «Ювентус» - Криштиану Роналду тамоми меҳмонхонаҳои худро дар Португалия ба марказҳои тиббии ройгон табдил медиҳад.
Дар ин бора Marca навиштааст.
Ба иттилои манбаъ футболбоз маоши табибону дигар кормандони соҳаи тибро низ худ пардохт мекунад. 
Ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз хурӯҷи бемории вируси тоҷ буда, Роналду мехоҳад саҳми худро дар нест кардани ин беморӣ гузорад. 
Сирояти вируси COVID-19 дар Чин охири соли гузашта пайдо шуд. Ба иттилои созмони байналмиллалии беҳдошт бар асари ин беморӣ 4,9 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин аз ин беморӣ 70 ҳазор одамон шифо ёфта, феълан шумораи сироятёфтагон ба 134 ҳазор нафар расид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив