LIVE

УЕФА ба 55 аъзои худ дастури қатъӣ дод

УЕФА ё худ Ассотсиатсияи футболи Аврупо аз лигаҳои футбол талаб кардааст, ки мавсимро то ба охир баргузор намоянд. Рӯзи 21-уми апрел роҳбарияти УЕФА ба 55 аъзои комилҳуқуқи худ тавассути онлайн конфронси фосилавӣ  тақвими шаклҳои нави идома додани мавсимро чӣ дар клубҳои футбол ва чӣ дар тимҳои миллӣ пешниҳод кард. Гуфта мешавад, ки дастурҳо дар самти ба таври фаврӣ баргузор намудани бозиҳои лигаҳои миллӣ ва ҷому суперҷоми кишварҳо аз қораи Аврупо дода шудааст. Дар сурате, ки ягон лига то ба охир бозиҳои худро анҷом дода натавонад, УЕФА нақшаи амалро нисбати он вобаста ба иштирок дар мусобиқаҳои Аврупо таҳия хоҳад кард. Хулосаи ниҳоӣ нисбати ин масъала рӯзи панҷшанбе 24-уми апрел дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи УЕФА бароварда хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив