LIVE

УЕФА ба чемпионатҳои аврупоӣ нома фиристод

Масъулони УЕФА ба Ассотсиатсия, Лига ва бошгоҳҳои аврупоӣ дар хусуси анҷоми пеш аз мӯҳлати чемпионатҳои миллӣ ба сабаби пандемияи коронавирус номаи расмӣ ирсол кардааст. Дар ин нома омадааст, ки мусобиқаҳои футбол метавонанд дар моҳҳои оянда таҳти шароити хос, ки аз ҷониби давлатҳо пешниҳод мешавад, кори худро идома диҳанд. Ҷониби УЕФА дар ин марҳила ҳар гуна тасмим дар хусуси анҷоми пеш аз мӯҳлати чемпионатҳо асоси воқеӣ надорад. Ёдовар мешавем, ки дирӯз чемпионати Белгия оид ба футбол пеш аз мӯҳлат анҷом ёфта, Брюгге бар асоси натиҷаҳои кунунӣ чемпион эълом шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив