LIVE

Кишварҳои аврупоӣ мехоҳанд Ҷоми Аврупо имсол баргузор нашавад

Федератсияҳои футболи як қатор кишварҳо ба Ассотсиатсияи футболи аврупоӣ (УЕФА) муроҷиат намудаанд, ки Чемпионати Аврупо 2020 - ро баргузор накунад. Tuttosport хабар дод. 
Чемпионатҳои миллии кишварҳо зери таъсиси хурӯҷи вируси корона қарор гирифтаанд ва Федератсияҳои миллӣ дар доираи ҷадвали баргузории мусобиқот амал карда наметавонанд. Эҳтимол меравад, ки бисёре аз бозиҳо то Ҷоми Аврупо-2020 доир нашаванд. 
Яке аз пешниҳоди муҳим ин ба як соли дигар ақиб партофтани вақти чорабинӣ гуфта мешавад. 
Вале роҳбарияти УЕФА то ба ҳол роҷеъ ба ин масъала назари хешро баён накардааст. Президенти ташкилоти мазкур - Александер Чеферин талаб дорад, ки мусобиқа бояд 12-уми июн оғоз гардида, 12-уми июл ба анҷом расад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив