LIVE

Фонт: "Барса" дар марҳилаи муфлисшавӣ қарор дорад

Номзад ба мақоми президенти «Барселона» - Виктор Фонт назари худро дар мавриди мушкилоти молиявии даста баён намуда, иқрор шуд, ки ин мавсим каталониҳо наздик ба муфлисшавӣ қарор доранд. 
«Давоми солҳои зиёд мо борҳо огоҳ карда будем, ки «Барселона» дар роҳи нодуруст қарор дорад. Даста насли тиллоии бозигарони худро иваз кард ва тағйирёбӣ дар ҳайат низ мушкилиҳои зиёдро дар пай дорад. Гуфтушунидҳо дар мавриди гузариши Неймар, ҷанҷолҳои ҳайати аввалия бо роҳбарияти даста ва ноустувории иқтисодӣ аз сабаби хурӯҷи коронавирус метавонад, “Барса”-ро ба бӯҳрон гирифтор созад. Клуб дар марҳилаи муфлисшавӣ қарор дорад”, иқрор шудааст - Фонт ба Mundo Deportivo.
Фонт — соҳибкор дар самти технология маҳсуб шуда, ӯ асосгузори ширкати Delta Partners мебошад. Маҳз ӯ рақиби асосии Хосеп Бартомеу дар мақоми президенти даста дар соли 2021 маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив