LIVE

Беҳтаринҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон

Ҳамлагари дастаи “Истиқлол” - Манучеҳр Ҷалилов муаллифи беҳтарин гол ва бозингари беҳтарини давр интихоб гардид.
Голи дуюми дастаи “Истиқлол” ба дарвозаи “Душанбе-83” аз сӯи ҳамлагари мазкур бо услуби хоси зарбазанӣ иҷро шуд. Ҳатто сомонаҳои расмии варзишӣ дар ҷаҳон аз голи ӯ истиқбол карданд. Cомонаи championat.com навиштааст, ки голи зебо бо усули акробатикӣ дар Чемпионати Тоҷикистон зада шуд.
Машҳуртарин сомонаи дигари русии sports.ru бошад, чунин нигоштааст: “Аз ҳама голҳои зебо ҳоло дар Тоҷикистон зада шуд. Ба ин зарба назар кунед, ки дар бозӣ миёни “Душанбе-83” ва “Истиқлол” зада шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки Манучеҳр Ҷалилов инчунин бо хет-трикаш беҳтарин футболбози давр гардид.
Ҳамчунин шабакаи "Варзиш" бо такя ба назару андешаҳои шореҳони футбол ҳайати рамзии даври якуми мусобиқаро низ муайян карданд. Ба ҳайат 11-бозингари беҳтарини давр шомил гардиданд.
Се футболбози бошгоҳи “Истиқлол” – Табрези Давлатмир (дифоъгар), Искандар Ҷалилов (дифоъгар) ва Манучеҳр Ҷалилов (ҳамлавар) ба дастаи рамзии даври аввал шомил гардиданд. Футболбозони “Истиқлол” дар даври 1-уми чемпионат дар дербии шаҳри Душанбе тими “Душанбе-83”-ро бо натиҷаи бузурги 7:0 шикаст доданд.
Ду футболбози дигар бошад, аз тими навкори Чемпионат ё худ “Локомотив-Помир” - Шоҳрух Қирғизбоев (дарвозабон) ва Шаҳром Сулаймонов (ҳамлавар) шомил шуданд. Дар даври аввал футболбозони шаҳри Душанбе бо тими “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ майдондорӣ намуданд, ки бозии мазкур бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар ин дидор Шаҳром Сулаймонов бо як голи зебояш шомили ҳайати мо гардид.
Ду бозигари дигар - Андрей Сидоров (ҳамлавар) ва Хуршед Бекназаров (дифоъгар) аз тими “Хуҷанд” шомил шуданд. Дар даври аввал “Хуҷанд” дастаи "КМВА"-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд.
Кароматулло Саидов (Хатлон), Артём Гайдаш (КМВА) ва Ҳоҷиакбар Узуқов “Регар-ТадАЗ” низ бо бозии зебои худ шомили ҳайати мо гардиданд.
Ҳайати эҷодии Телевизиони "Варзиш" тавассути барномаи ҷадиди “90 дақиқа”, ки шореҳи футбол - Бобо Холмуродзода онро таҳия месозад, охири ҳар моҳ ҳамчунин беҳтаринҳои футболи тоҷик, азҷумла бозигарону мураббиён низ муайян мешавад.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив