LIVE

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Ҷопон маълум шуд

Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ба ҳайати дастаи яккачини Тоҷикистон барои бозӣ бо Ҷопон 23 футболбоз шомил гардидааст. Ба ҳайат бори аввал баъди чанд муддат ниммуҳофизатгар Нуриддин Давронов, ки айни замон дар бошгоҳи "Уммон" ҳунарнамоӣ мекунад, даъват гардид. Дар умум аз футболбозони тоҷике, ки дар дастаҳои хориҷ фаъолият мекунанд, 4 бозингар ба тими миллӣ шомил гардид. Инҳо Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон) ва Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Узбекистон) мебошанд. Усмон Тошев сармураббии даста ба ҷойи Искандар Ҷалилов, ки дар бозии охири тими миллӣ корти сурх гирифтааст, ягон футболози ботаҷрибаро дар канори майдон даъватнакардааст. Дар ин мавқеъ эҳтимол аст, футболбози 19 сола Манучеҳр Сафаров бозӣ кунад. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон 15-уми октябр дар доираи вохӯриҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор мегардад. 

Ҳайати дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо Ҷопон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Отабек Каримов, Кароматулло Саидов (ҳарду – «Кӯктош»), Илхомҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду – «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе даста).

сармураббӣ: Усмон Тошев 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив