LIVE

"Бавария" аз Ла-Лига мураббии ҷадид пайдо кард

Диего Симеоне  ба "Бавария" равон аст. Новобаста аз натиҷаҳои нағз ва муносибати хуб бо бозингарон роҳбарияти Бавария тамдидкунии шартномаро бо Ханс Дитер Флик дар нақша надорад. Мутахассисе,ки дар давоми мавсим Нико Ковачро иваз намуд, аниқ вазифаашро тарк мекунад,новобаста аз он ки агар требли эҳтимолиро низ ба даст оварда тавонад.
Аз рӯи маълумоти расонаҳои олмонӣ футболбозони мюнхенӣ бошанд, аз чунин қарори роҳбарият норозиянд ва ният доранд, ки бо роҳбарон вохӯранд то андешаҳояшонро дигар кунанд. Мюнхениҳо бошанд дар ивази Дитер Флик Диего Симеонеро даъват карданиянд. Шартномаи Симеоне бо тими Атлетико то санаи 30-юми июни соли 2022 идома ёфта,олмониҳо ният доранд,ки аргентиниро ба даст оваранд. Аммо  мушкили хосса бо ин мутахасиси аргентинӣ   маоши ӯ хоҳад буд. Бавария бошад,ки бо эҳтиёткориҳои хеш маъруф аст, дар ҳоле ки ин аргентинӣ  қариб 24 миллион евро дар як сол кор мекунад. Илова бар ин мухлисони бошгоҳи мюнхенӣ  бо футболи ҳуҷумкор одат карданд,вале Эл Чоло бо чунин усул алоқаманд нест.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив