LIVE

Тамоми кормандони «Арсенал», бахусус сармураббӣ ба карантин нишастанд

Сармураббии бошгоҳи футболи «Арсенал» - Микел Артета мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳи лондонӣ. Хотиррасон мекунем, ки ду ҳафта қабл бошгоҳи “Арсенал” дар бозии ҷавобии даври 1/16 ниҳоии Лигаи Аврупо бо тими “Олимпиакос”-и Юнон рақобат намуда буд, ки тибқи пешгӯиҳо президенти тими юнонии ин даста низ мубталои коронавирус гашта буд. Бо ин мушкилот бозии “Арсенал”  бо “Манчестер Сити” низ ба вақти дигар гузаронида шудааст. Эҳтимол аст, ки дар Англия низ ба монанди дигар кишварҳо тамоми чорабиниҳои варзишӣ бар асари хурӯҷи ин беморӣ лағв карда шаванд. Ҳамакнун бо мақсади пешгирӣ ва табобати сармураббӣ тамоми ҳайати мураббиёну кормандони техникӣ ба карантин нишастанд. Корҳои безараргардонӣ дар академия, ҳайати ҷавонон ва ҳайати аввалияи тими лондонӣ ҷараён доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив