LIVE

Корона дари Премйер-лигаи Англияро низ мекӯбад

Бозии марказии даври 28-уми Премйер-лигаи Англия миёни дастаҳои футболи «Манчестер Сити» ва «Арсенал» бо мақсади пешгирӣ аз коронавирус ба вақти дигар гузаронида шуд. Ин иқдомро масъулини футболи Англия баъди он рӯи даст гирифтанд, ки молики клуби «Олимпиакос»-и Юнон - Вангелис Маринакис баъди сафар аз варзишгоҳи «Эмирейтс» дар даври 1/16 ниҳоии Лигаи Европа, ки «Арсенал» бозӣ кард, аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ «Олимпиакос» ба даври навбатӣ баромад, гирифтори бемории коронавирус шуд. Тибқи талаботҳои тиббӣ бо мақсади ташхиси пурраи ҳолати мазкур бозии «Арсенал» ва «Манчестер Сити», ки мебоист шоми имрӯз баргузор мешуд, ба вақти дигар гузаронида шудааст. Премйер-лига ба ҷуз аз ин дидор дигар барои лағв ё манъи бозиҳои худ иҷозат надод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив