LIVE

Вақти баргузории қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон муайян шуд

Фардо 28-уми феврал дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе» маросими қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои шомили Лигаи Олӣ барои мавсими 2020 баргузор мешавад. 
Баргузории ин чорабинӣ соати 10:00  ба нақша гирифта шудааст ва интизор меравад, ки ҷараёни қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи Олӣ тавассути шабакаи телевизионии “Футбол” мустақиман пахш мешавад. 
Ин 29-умин Чемпионати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар мавсими ҷадид дар Лигаи Олӣ 10 тими футбол: «Истиқлол», «КМВА», «Душанбе - 83», «Локомотив-Помир», «Хуҷанд», «Куктош», «Регар-ТадАЗ», «Хатлон», «Файзканд» ва «Истаравшан» иштирок мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив