LIVE

“Реал” 4 голи Мессиро бо нокомӣ истиқбол кард

Дар бозии даври 25-уми Ла Лигаи Испания дастаи “Реал” дар сафар аз тими "Леванте" бо як голи беҷавоб шикаст хӯрд. Ягона голи ғалабаовари соҳибони майдонро Хосе Моралес дар дақиқаҳои охири рақобат ба дарвозаи мадридиҳо зад.
 
Дар бозии дигари ин давр дастаи “Барселона” дар майдони худ дарвозаи тими “Эйбар” - ро голборон сохт. Дар ҳайати нилунориҳо баъд аз чор бозии бе гол Лионел Месси ба задани 4 гол даст ёфт. Ба натиҷаи ин дидор дар интиҳо Артур Рамос нуқта гузошт. 

Баъд аз даври 25-уми чемпионат дар садри ҷадвал дигарбора тағйирот ба миён омад. “Барсаелона” дубора ба мақоми аввал баромад ва “Реал” бошад, аз тахт фароварда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив