LIVE

Чархболи Клопп дар Лигаи Чемпионҳо боз суқут кард

Дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо дар варзишгоҳи "Ванда Метрополитано"-и шаҳри Мадрид дастаҳои "Атлетико" ва "Ливерпул" андари майдони рақобат шуданд. Дар ин дидор соҳибони майдон бо ҳисоби 1 бар 0 қаҳрамони феълии мусобиқа бошгоҳи “Ливерпул”-ро мағлуб намуданд. Ягона голи бозиро ниммуҳофизатгари испании бошгоҳи шаҳри Мадрид - Саул дар дақиқаи 4-уми рақобат вориди дарвозаи Алиссон Бекер зада, пирӯзии тимашро таъмин сохт. Ҳарчанд омори бозӣ бар нафъи дастаи "Ливерпул" буд, зеро шогирдони Клопп 68 дарсади идоракунии тӯбро дар ихтиёр доштанд. Аммо ин омил боис ба муваффақияти даста нашуд. Бозии ҷавобӣ дар Ливерпул санаи 11-уми март доир мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив