LIVE

«Ливерпул» бо кӯмаки ВАР ба даври 1/8 ниҳоӣ баромад

Дар бозии ҷавобии даври 4-уми Ҷоми Англия “Ливерпул” бо “Шрусбери Таун” дар варзишгоҳи муҳташами Энфилд рақобат намуд.  Ин вохӯрӣ ба суди мизбонон бо натиҷаи 1 бар 0 хотима ёфт. Ёдовар мешавем, ки дастаҳои “Шрусбери Таун” ва “Ливерпул”   дидори аввали худро бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 анҷом дода буданд. Ҳарчанд дар қисми аввали дидор имконияти хуби голзанӣ ба бозингарони дастаи “Ливерпул” мавҷуд буд, аммо онҳо имкониятро хуб истифода карда натавонистанд. Дар дақиқаи 58-уми қисми дуюми дидор меҳмонон бо як ҳамлаи нишонрас ҳисоби дидорро кушоданд. Довар пас аз назар кардан ба системаи вар голро ба инобат нагирифт. Ин ба шогирдони Юрген Клоп нерӯи дигар бахшида, онҳо барои ғалаба талош карданд. Дар дақиқаи 75-ум Ро Шон Уилямс аз дастаи “Шрусбери Таун” тӯбро ногаҳ бо сар вориди дарвозаи худ равон кард. Бо ин як голи худкор соҳибони майдон ғалаба ба даст оварданд. Шогирдони Юрген Клоп дар даври навбатӣ бо дастаи “Челси” майдондорӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив