LIVE

Инйеста ҷойзаи 37-уми худро ба даст овард

Клуби  «Виссел Кобе» дар бозӣ барои  Суперҷоми   Ҷопон бар тими  «Йокогаму» ғалаба ба даст овард. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби  3 бар 3 хатм шуд. Аз руи силсила зарбаҳои 11 метра дастаи «Виссел Кобе» бо ҳисоби  3:2 ғалаба намуд. Дар ҳайати тими  «Виссел Кобе» собиқ футболбози дастони «Барселона» - Андрес Инйеста ҳунарнамоӣ мекунад. Ин  37-умин ҷойзаи Инйеста дар корномаи варзишиаш маҳсуб мешавад. Ниммуҳофизатгари 35 сола аз руи ин нишондод танҳо аз собиқ ҳамдастааш Дани Алвес ақим мебонад. Муҳофизатгари бразилӣ дар ҳайати дастаҳои худ ва мунтахаби кишвараш дар маҷмуъ 40 ҷойза ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив