LIVE

Собиқ ҳамлагари “Барселона” тарки футбол кард

Футболбози маъруфи испанӣ Виля охирин бозии худро дар корномаи варзишиаш анҷом дод. Дар бозии финалии Ҷоми Ҷопон тими «Виссел Кобе» бар  «Кашима» бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба намуд.  Ин дидор барои собиқ ҳамлагари мунтахаби Испания ва “Барселона”  охирин рақобат маҳсуб мешуд, зеро Виля  қаблан эълон намудабуд, ки ба корномаи варзишии хеш хотима мебахшад. Бозигари 38 сола аз курсии захиравӣ ба майдон баромад ва бо дастаи «Виссел Кобе» барандаи Ҷоми Ҷопон дар соли 2019 гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар ин тими ҷопонӣ собиқ ниммуҳофизатгари дигари барса Андрес Инйеста низ бозӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив