LIVE

 Расман: Дани Алвес ба дастаи “Сан-Паулу” гузашт

Собиқ дифоъгари бошгоҳҳои “Севиля”, “Барселона”, “Ювентус”, “ПСЖ” ва яккачини Бразилия - Дани Алвес корномаи варзишиашро дар варзиши рақами якуми сайёра идома медиҳад. Футболбози 36 сола ҳамчун футболбози озод ба бошгоҳи “Сан-Паулу”-и меҳани худ гузариш намуд. Чӣ тавре, ки сомонаи расмии дастаи бразилӣ иттилоъ медиҳад, қарордод байни футболбози 36 сола ва даста то соли 2022 амал мекунад. Ёдовар мешавем, ки Дани Алвес серҷоизатарин футболбоз дар таърих ба шумор меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив