LIVE

Инйеста: «Барселона» ба Валверде эҳтиром нагузошт.

Собиқ ниммуҳофизатгари «Барселона» Андрес Инйеста, ки феълан дар бошгоҳи ҷопонии  «Виссел Кобе» бозӣ мекунад, назари хешро роҷеъ ба ҳолате, ки   бо Хави Эрнандес рух дод, баён намуд. 
«Агар кор ҳамонгунае, ки навиштаанд бошад пас  клуб дағалона рафтор кард ва Валверде сазовори чунин бе эҳтиромӣ нест. Эҳтироми мураббиро бояд ҳамеша донист.  Ҳолате, ки дар «Барселона» ба амал омад, таъби мураббиро хира мекунад. Барои ман «Барселона» назар ба дигар дастаҳо фарқ кунанда аст ва мушкилотро ба осонӣ ҳал кардан кори осон нест.  Ман медонам, ки Валверде ба чӣ кор қодир аст. Дар мавриди Хави ва Куман бошад, онҳо худ ба хуби медонанд, ки вақти қабули «Барселона» расидааст ё не», иқрор шудааст Инйеста.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив