LIVE

Эвра-Роналду: «Туро барои ин амалат бояд зиндонӣ кунанд»

5 июн Роналду дар бозӣ бо Швейтсария дар даври нимниҳоии Лигаи миллатҳо хет-рик анҷом дода, тимашро ба финали мусобиқа баровард. Ваъди чанд рӯз бошад дастааш дар бозии ниҳоӣ Голландияро сарафканда кард. Вале ҳунарнамоии Роналду дар даври нимниҳоӣ диққати ҳамаро ба бозии ӯ ҷалб кард. Махсусан голи сеюми ӯ бениҳоят олӣ иҷро шуд. Мавсуф баъди ин навори ин голро дар саҳифаи иҷтимоиаш дар инстаграм ҷой дод. Баъдан дар зери ин видео Патрис Эвра чунин навишт. "Туро барои ин амалат бо муҳофизатгарони швейтсарӣ бояд зиндонӣ кунанд" Ёдовар мешавем, ки Патрис Эвра бо Криштиану Роналду дар «Манчестер Юнайтед» якҷо ҳунарнамоӣ карда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив