LIVE

«Барселона» Ришарлисонро мехоҳад

«Барселона» нақша дорад, ки нимҳоятгари ҳуҷумкори «Эвертон» Ришарлисонро дар равзанаи гузариши зимистона ба даст орад. Бошгоҳи каталонӣ барои ин бозингари 22-сола 100 миллион евро ба роҳбарияти «Эвертон» пешниҳод намуд, аммо ҷавоби рад шунид. Роҳбарияти бошгоҳи англисӣ ин пешниҳоди «нилунориҳо»-ро дарҳол рад намуд – хабар медиҳад хабаргузории Sky Sports. Футболбози бразилӣ яке аз бозингарони калидии дастаи ливерпулӣ маҳсуб меёбад. Бошгоҳ ният дорад, ки ҳайати худро дар наздиктарин муҳлат пурқувват намояд. Аз ин хотир, онҳо розӣ нестанд, ки Ришарлисонро аз даст диҳанд. 

Ба ин бозингар, директори варзишии бошгоҳи каталониҳо Эрик Абидал таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ба он андеша аст, ки ӯ бо Луис Суарес метавонанд, дар якҷоягӣ хати нимҳомоя ва ҳимояи дастаи “Барселона”-ро пурқувват намоянд. “Эвертон” ин бозингарро аз “Уотфорд” тобистони соли 2018 ба маблағи 50 миллион фунт стерлинг ба даст оварда буд. Дар мавсими имсола, Ришарлисон дар 22 бозӣ бо “Эвертон” дар чемпионати Англия баромад намуда, ба задани 8 гол ва 4 партоби головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив