LIVE

“Интер” боз имтиёз аз даст дод

Дар даври навбатии Серии А “Интер” рақобаташро бо дастаи ишғолкунандаи зинаи 17-уми чемпионат “Лечче” мусовӣ кард. Ҳарчанд миланиҳоро дар қисми дуюми бозӣ Алессандро Бастони ба пеш баровард, аммо дере нагузашта аз ҳайати “Лечче” Марко Манкозу голи ҷавобиро ба самар расонида, ҳисобро 1 бар 1 сохт. Ин дуюмин бозии пайдар ҳами бе ғалабаи “Интер” дар чемпионати Италия маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив