LIVE

Аввалин муваффақияти Конте дар "Интер"

"Интер" дар бозии анҷомбахши даври аввали мавсими 2019/20-и Серия А бо "Лечче" бозӣ намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи Сан Сиро сурат гирифта, бо ҳисоби 4 бар 0 ба фоидаи мизбонон хатм гардид. Аввалин голи дидорро Марсело Брозович дар дақиқаи 21-ум ба самар расонид. Баъд аз се дақиқа бошад Стефано Сенси натиҷаро 2 бар 0 намуд. Дар қисмати дуюм Ромелу Лукаку пас аз иштибоҳи дарвозабон голи аввалинашро дар Италия ба номаш муҳр зад. Нуқтаи ниҳоии дидорро бошад, Антонио Кандрева бо голи зебои ба самар расонидааш гузошт. Пас аз ин муваффақият "Интер" бо се имтиёз садрнишини ҷадвал гардид. Ёдовар мешавем, ки собиқ сармураббии "Ювентус" ва  "Челси" Антонио Конте қабл аз оғози мавсим ба "Интер" омада, аввалин дидори расмии худро бо нерадзурри доир кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив