LIVE

Норозигии футболбозони “Манчестер Сити” аз системаи VAR

Нимҳимоятгари дастаи “Манчестер Сити” Родри иқрор шуд, ки дастаи ӯ аз системаи VAR норозӣ буда, кори ин системаи видеоиро ноадолатона медонад.

“Мо аз қарорҳои системаи VAR сахт норозӣ ҳастем, аммо шикоят кардан ҳеҷ маъние надорад. Мо бояд ба мубориза бурдан идома диҳем ва ба ин чизҳо аҳамият надиҳем. Ин кори дигарҳост, мо наметавонем ба муқобили онҳо овоз баланд кунем. Баъзе аз гуна қарорҳо рафти бозиро тағйир медиҳанд, аммо системаи VAR барои он пайдо шудааст, ки ин ихтилофотро барҳам дода, қарори дуруст барорад. Ин барои бохти дастаи мо тасаллобахш буда наметавонад.” – иқтибос овардааст аз суханони ӯ хабаргузории Daily Mail”.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив