LIVE

Низои бозигарони "Ливерпул" ва "Манчестер Сити" ба мунтахаби Англия кӯчид

Бозии марказии даври 12-уми ПЛА ва марҳиллаи якуми мавсим байни “Ливерпул” ва “Манчестер Сити” кайҳо хотима ёфта бошад ҳам, аммо баррасиву таҳқиқи ин дидор ҳамоно идома дорад. Ғалабаи “Ливерпул” фарқияти имтиёзҳоро миёни ин ду тими муддаии аслӣ барои тахти Лигаи бартари футболи Англия то 9 имтиёз зиёд кард. Пас аз ин шикаст “Манчестер Сити” зери фишори сахт қарор гирифт ва ҳамлагари даста Раҳим Стерлинг ба он тоб наовард.
Ӯ дар фарҷоми бозии ин давр бо муҳофизатгари “Ливерпул” Ҷо Гомес танишҳои лафзӣ дошт. Низои ин ду бозигар ба мунтахаби Англия кӯчид Баъд аз ин ҳар ду футболбоз ба ҳайати тими миллии Англия барои иштирок дар рақобатҳои марҳилаи муқаддамотии Евро-2020 муқобили Черногория ва Косово даъват шуданд. Аммо ба зудӣ дар ВАО хабари аз ҳайати мунтахаб ронда шудани Стерлинг паҳн гардид. Сабаби он низои байни ӯ ва Ҷо Гомес дониста мешавад.
Гарет Саутгейт сармураббии мунтахаби Англия ҳамлагари “Манчестер Сити”-ро барои ин бетартибӣ аз ҳайати тим берун кард. Акнун Стерлинг дар бозӣ бо Черногория иштирок карда наметавонад.
Раҳим зимни изҳороти худ дар бораи ин ҳодиса ҳолати ба вуҷуд омадаро чунин шарҳ дод: “Мо бо Ҷо ҳолати ба вуҷудомадаро баррасӣ кардем ва ба хулоса омадем, ки ин ҳолатро фаромӯш карда, корро бояд давом диҳем. Дар футбол эҳсосот нақши муҳим дорад ва ман мардона эътироф мекунам, ки эҳсосот бар ақли ман боло гирифт. Танҳо 5-10 сония ба эҳсосот дода шудам. Ҳоло миёни мо боз рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ барқарор гашт. Биёед ба он зиёд аҳамият надода, омодагиҳоро ба бозии рӯзи панҷшанбе вусъат бахшем.”

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив