LIVE

12 холи Раҳим Стерлинг дар 7 бозии ахир

Нимҳимоятгари бошгоҳи “Манчестер Сити” Раҳим Стерлинг дар бозии марҳилаи интихобии Евро-2020 дар ҳайати мунтахаби Англия бар муқобили Косово (5:3) ба задани гол даст ёфт. Ин аллкай ҳаштумин голи ин футболбоз дар ҳафт бозии ахир дар сафи “Манчетер Сити” ва тими мунтахаб  ба ҳисоб меравад. Дар бозӣ бар муқобили Косово Стерлинг ҳамчунин ба ирсоли се паси головар даст ёфт. Як партофти дигареро,ки бо гол анҷом ёфт Раҳим вақти бозӣ бар муқобили Булғористон (4:0) анҷом дода буд. Ҳамин тариқ дар маҷмуъ Раҳим 12 (8+4) хол ба даст овард.
 Дар тули маснади варзишияш бошад Раҳим дар сафи "Ливерпул" низ бозӣ намуда, дар ҳайати мунтахаб аз соли 2012 инҷониб даъват карда мешавад. Ҳамагӣ бошад Стерлинг 320 бозӣ доир намуда, 95 гол задааст. Ӯ  ҳамчунин қаҳрамони дукаратаи Англия, дорандаи Ҷом ва Суперҷоми Англия мебошад. Илова бар ин дар соли 2019 Раҳим Стерлинг аз рӯи фарзияи Ассосиатсияи журналистони футболӣ унвони “Футболбози сол" дар соли 2019-ро соҳиб шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив