LIVE

🔥"Marca" аллакай исми ғолиби «Тӯби тиллои»-ро нашр кард

Расонаи испании «Marca» хабар медиҳад, ки шоми имрӯз дар пойтахти Фаронса ниҳоятан Месси соҳиби шашум «Тӯби тиллоӣ» мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Месси бо бартарии 64 имтиёз Вирҷил ван Дейкро  дар  ақиб гузошт, ҷои сеюму чаҳорум бошад, насиби ҳамлагарӣ «Ливерпул» Муҳаммад Салоҳ ва сарвони «Юве» - Криштиано Роналду мегардад.

Ҳамчунин дар ТОП-10 раванди номзадҳо футболбозони зерин ворид шуданд:
Садио Мане, Алиссон, Килиан Мбаппе, Френки де Йонг, Маттейс де Лигт и Эден Азар.

Маросими ҷоизасупорӣ шоми имрӯз дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж, соати 00:30 (бо вақти Душанбе) баргузор мегардад.

Мустақиман дар шабакаҳои ТВ «Футбол» ва ТВ «Варзиш» пахш мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив