LIVE

ВАО: Месси соҳиби «Тӯби тиллои»-и навбатӣ мегардад

Тибқи иттилои маҷаллаи машҳури испанӣ - "Mundo Deportivo", сарвони дастаи «Барселона» Лионел Месси 2-юми декабр дигарбора «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст меорад.

Гузашта аз ин, гуфта мешавад, ки маҷаллаи фаронсавӣ "France Football" Мессиро ҳатто хабардор кардааст ва аз ӯ мусоҳиба ҳам гирифтааст.

Ҳамчунин ба иттилои Франсеск Агулар, яке аз рузноманигорони маҷалла, айни замон проблемаи  асосии "France Football" ташриф овардани Роналду ба маросими ҷоизисупорӣ аст, зеро футболбози португалӣ аз ишғоли ҷои сеюмаш – пас аз Ван Дейк хашмгин шуда, маросимро эътино карданист.

Расман исми ғолиб 2-юми декабр дар пойтахти Фаронса эълон карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив