Маҷаллаи машҳури испании El Mundo Deportivo хабареро мунташир намудааст, ки гӯё ҳамлавари аргентинии «Барселона» — Лео Месси барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ"-2019 гардидааст.
Ин ҷоизаи барои Лео шашумин «Тӯби тиллоӣ» дар корномаи футболбозиаш ба шумор меравад.Ба маълумоти сарчашма намояндагони маҷаллаи «France Football"-и Париж, ки ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ"-ро ҳар сол ба беҳтарин футболбоз тақдим мекунанд, ба Барселона ташриф оварда, то бо Месси мусоҳиба анҷом диҳанд.
Маросими ҷоизасупории беҳтарин бозигари соли 2019 санаи 2 декабр дар шаҳри Париж баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Месси қаблан дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015 барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» гардида буд.