LIVE

Футбол ба муҳорибаҳои тан ба тан табдил ёфт

Бозии мавқуфмондаи даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум миёни  тимҳои “Барқчӣ” ва “Локомотив – Помир” сурат гирифт. Дидори мазкур дар баробари сергол сурат гирифтанаш, инчунин  аз 22 бозингари ба майдон баромада,  то анҷоми дидор 15 футболбоз боқи монду тамом.   Дар нафасҳои нахустини дидор соҳибони майдон бо голи задаи Умедҷон Рамазонов бартариятро соҳиб шуданд. Аммо дар идома,  шогирдони Зайниддин Раҳимов натанҳо ҳисобро баробар сохтанд, балки ба задани 5 гол даст ёфта, пирӯзии муҳими хешро таъмин намуданд. Дар ҳайати тими ғолиб Эмомалӣ Аҳмадхон,  Ислом Зоҳиров, Муҳаммадрасул Лутфуллоев  ва Парвиз Ҳоҷиев ду маротиба голзанӣ намуданд. Дар ҷараёни ин рақобат довари марказ барои вайрон намудани қоидаи бозӣ ба 4 бозигари Барқчӣ ва 3 футболбози "Локомотив – Помир" корти сурх нишон дода, дар маҷмуъ  7 наффарро аз майдон ронд. Ёдовар мешавем, ки тими "Локомотив – Помир"-и Душанбе дар ин мавсим барои ишғоли зинаи аввал дар Лигаи якум талош дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив