LIVE

Тими миллии мо бар муқобили Қирғизистон бо пероҳани сафед ба майдон мебарояд

Имрӯз, 19 ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек бозии даври шашуми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон - 2022 байни тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон доир мегардад. Бозии мазкур соати 19:00 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.
Дар ин дидор тими миллии Қирғизистон бо пероҳани сурх ба майдон мебарояд. Тими миллии Тоҷикистон бошад, бо пероҳанҳои рангаш сафед ба майдони набард мебарояд. Ёдовар мешавем, ки бозии байни ин мунтахабҳоро шабакаҳои телевизионии “Футбол” ва “Варзиш” ба таври мустақим пахш менамоянд.
Чемпионати ҷаҳон - 2022
Марҳилаи дуюми интихобӣ
Гурӯҳи “F”
Даври 6-ум
19 ноябр (сешанбе)
Оғози бозӣ: соати 19:00 бо вақти Душанбе
Қирғизистон - ТОҶИКИСТОН

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив