LIVE

Марги нобаҳангоми Хосе Антонио Рейес

Футболкоре, ки дар гузораи умри кӯтоҳи худ бо бозии ҷодувона ва истеъдоду ҳунари ба маротиб зотиву худодода, мудому ба маром арсаҳои мухталифи майдондории футболии гетиро дар ҳайати бошгоҳҳои “Реал”, “Арсенал”, “Атлетико Мадрид”, “Севиля” ва яккачини Испанияро тасхир карда буду қабли миллионҳо роғибони ҳунарашро мафтуну шайдо сохта ва дар ин асно шуълаи гудозандаи ҳунари асили варо зумра коршиносону мутахассисон дар шумули як футболбози дастон пазируфта буданду ҳамвора бар он бовар доштанду меангоштанд, ки ӯ ва фақат ӯ метавонад яксара аксар мусобиқаҳои футболиро бо ҳузураш дар майдон зебу зинату рангу ҷиллои тоза бубахшад, акнун тарки дунёи фонӣ карду дигар бо мо нест. Марги фоҷиабору нобаҳангоми Хосе Антонио Рейеси испанитабор, ки дар олами футбол ба дилу дидаи миллионҳо ҷойгузин буд, бо рафтанаш бо тарк карданаш ва бо набуданаш морову мухлисонрову аҳли хонаводаву ақрабояшро ба ҳадди беҳаддӣ андӯҳгин сохт. Хосе Антонио Рейеси 35 сола тарбиятдидаи мактаби бузурги “Севиля” буда, бори нахуст соли 1999 ба майдон омаду аз худ чун ситораи тобноки ояндадор дарак доду муштоқону мухлисони футболро бар он бовар буд, ки дигар аз ин пас ӯро тамошо бояду бас. Ҳамин тариқ Хосе дар фурсату фосилаи фаротари чанд сари сол дар майдони футбол таҷриба кофӣ кард ва ба маънии мусбаташ ангуштнамои мардумон шуд.  Антонио Рейеси ғуррамарг дар айни шуҳрату маҳбубияти варзишӣ ба таври ногаҳонӣ дар садамаи нохуши нақлиётӣ ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин таслим кард. Ин ҳодисаи ҳузнангез чанд фурсате пеш дар шаҳраки Алмендралехои Испания рух дод, ки дар як нафас тамоми сомонаҳои иҷтимоии дунёро ин хзабари шум фарогир шуд. Хосе дар лаҳзаҳои вопасини нафасҳояш дар бошгоҳи “Эстремадура” ба таври иҷора майдондорӣ мекард. Инчунин Антонио дар ҳайати яккачини Испания 22 бозӣ намуда, ба задани 4 гол даст ёфта буд. Ёдаш ба хайр!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив