LIVE

Марги падар Комронро бемории рӯҳӣ кард?...

Як рӯзи мубораку фархунда, дақиқтараш санаи 24-уми апрели соли 1994 барои хонаводаи Абдурасул Турсунов ва ҳамсари ӯ Раҳима Турсунова ба хотири бори сеюм тавлиди як шербачаи дигар дар оилаи эшон, ҳеҷ аз хотираҳову ёдномаҳошон тоза нахоҳад шуд, чаро ки тавлиди Комрони ба пай қадам аз ҳини тавлидаш бисёр ҷигарбанди комрону шодмон буду хушбахтии онҳоро даҳбора афзун сохт. Ҳамин тариқ бо гузора гардидани моҳу солҳо, Комрон дар муҳити оила бо хусусияту хислатҳои хосаи хеш бузург мешуду қад мекашиду ба қавле ҷон мегирифт, ки ту гуфтӣ ба ҷиҳати кенҷагии хона буданаш, барои волидон бисёр бачаи азизу ширину экраро мемонд. Шавқу рағбату майли ӯро аз ҳамон аҳду овон ба сӯйи худ кашидани футбол бесабаб набуд, чаро ки бародари бузургаш Хайриддин олудаву гирифтори ҳамин пайраҳа хеле бармаҳал будуааст. Ва замоне Комрони шайдову гирифтори футобол худу ақлашро шинохт, бародараш Хайриддин дар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб чун футболкори пешсафу мумтоз ҳунарнамоӣ мекарду розу ниёз ва заҳмату ранҷу азоби ин пешаро хеле хуб дард мекард. Ҳарчанд ба Кормон инро фаҳмондан мехост, вале бачаи саркашу қайсари футболдӯст ба қавле ду поро дар як мӯза дохту хост ӯро ба ҳайати наврасони “Герар-ТадАЗ” ба дасти мураббии донистакору номдор Шуҳрат Ҳақбердиев супорад. Он замон Комрон ҳамагӣ 8-10 сол беш надошт.   
Ба ҷиҳати маҳорату лаёқати хосаву худододияш, пас аз гузашти чанд фурсату фосилаҳо, дигар ҳамагон, хоса худи Шуҳрат Ҳақбердиев ба бозии Комрони хурдсол тан доду қоил шуд. Ҳарчанд дар нигоҳи нахуст, ки Комрон аз лиҳози ҷисмонӣ лоғару майдахел буд, аммо бо ҳушёриву чаққониву чолокияш дар як фурсати кӯтоҳ дар майдони футбол мавқеву манзалат пайдо кард. Ба иқрори шоҳидон, Комрон, ки як бачаи шайдои футбол буду то ҷое дар нисбати ҳунари беҳамтои ӯ ҳатс мезаданд, ки лаёқаташ худододиву табиист, бар замми ин, барои гол задану сайқали маҳораташ зиёд кушиш мекард, ба мағлуб шудан таслим намешуду ба гоҳи нокомиҳош, ашк аз дидагонаш шаш қатор мешуданд. Боз ҳам Шуҳраи Ҳақбердиев борҳо шоҳиди чунин ҳодисаҳо буд.  
Алишер Додов, ки  аз ҳамон ҳангом ба ҳайсияти дарвозабони тими “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода майдондорӣ мекард, даву този як навраси пурҳаваси футболро гоҳ пушти дарвоза, гаҳи дигар канори майдон вақти тамринҳову рафти мусобиқаҳо мушоҳида мекард, шод аз он мешуд, ки ояндаи футболи тоҷик дар симои ҳамин гуна кӯдакони завқманд рӯшан аст. Овони таҳсилу тадриси Комрон дар мактаби рақами 101-и шаҳри Турсунзода гузора шудааст. Ба иқрори омӯзгорон аз ҳамон замон Комон бисёр кӯдаки лаёқатманду соҳибистеъдод будааст. Дар омӯзиши ҳама фанҳо маҳорати хоса дошт. Исломиддин Бобониёзов таҷрибаи 35-солаи омӯзгорӣ дорад. Номбурда беш аз 20-сол аст дар мактаби рақами 101-и шаҳри Турсунзода ба ҳайси ҷонишини директори мактаб ва мудири қисми таълимӣ фаъолият мебарад. Ӯ гуфт, аз ҳамон вақт Комрон Турсунов яке аз хонандаҳои фаъолу истеъдодноки ҳамин даргоҳи таълимӣ буду бо донишу кушиш, маҳорату лаёқат ва зиракияш миёни ҳамсабақонаш тафовут мехӯрд. Роҳила Қурбонова 7-сари сол, яъне аз синфи 5-уми то хатми мактаб ба Комрон аз фанни физика дарс гуфтааст. Дар суҳбат ба иқрор омад, ки шуруъ аз 10-солагӣ дар вуҷуду рагу хуни Комрон ҷо доштани футболро эҳсос карда буд. Ва ҳам хуб дарк мекард, ки ин бача, ки дар ҳамин доди умр ҳастиву мамоташ футболро медонад, ояндааш дурахшон аст. Вақте гаҳу ногаҳ аз дарсҳо дер мемонд, сабабашро фаҳмондан меёрист.
Баъди номаи камол гирифтан, Комрон барои тамдиди таҳсилу фарогир шудан ба донишу илму фан, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия супурд. Дар баробари таҳсили хубу хуйю одобу ахлоқи зебо, ҳамчинин бо ҳунари футболкорияш низ ҳамаро моту маҳбуту мафтуну қоил карда буд. Бад-ин далел, роҳбарияти ин даргоҳи таълимӣ, ӯро шомили тими футболи Донишгоҳ карданду бо боварии комилу дили пур аз он, ки Комрон шуҳрату шони дастаро бо бозии оливу ҳунари беназираш чун футболбози мумтозу саршинос боло мебарад. Бо гузора шудани чанд фурсату фосилаҳо дар соли 2014 овозаву дарвозаи як футболбози моҳиру дастон бар гӯши Сармураббии тими “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода Алишер Ҳақбердиев расид. Ин мураббии донистакору дар кору бори хеш устувору пойдор, бидуни андешаи дигар ният карду қатъан Комон Турсуновро ба ҳайати асосии “Регар-ТадАЗ” даъват намуд. Комрон, ки аз 8-солагияш тарбиятдидаи ҳамин бошгоҳ ба шумор мерафт, даъвати ногаҳонии Сармураббӣ барош иқболу бахту барор буд ва албатта бо камоли майл розӣ шуд. Алишер Ҳақбердиев хуб медонист, ки Комрон дар майдони футбол чун ҳамлагари пурлаёқат ба чӣ қодир асту чӣ ҳунару истеъдод дорад. Бад-ин хотир пайвастани ӯро ба ҳайати “Регар-ТадАЗ” бар манфиати даста маънидод кард. 
Арӯсии Абдурасулу Раҳима ба соли 1984 рост меояд. Ду дилдодаро ба ҳам муҳаббату вафодорӣ пайвасту бештар аз 30-сол зиндагии рангину ширу шакар доштанд ва 5-ҷигарбандро бо заҳмату машаққату нони ҳалол ба воя расонданду донишу маърифат омӯзонданд. Падар барои камолоту таълими фарзандонаш саҳми беназир гирифтааст. Вале умр вафодориш накарду тобистони соли 2016 риштаи ҳаёти сутуни хонавода, ҳамсари мушфиқу меҳрубони бону Раҳима, падари азизи оила, Абдурасул Турсунов канда шуд. Марги нобаҳангоми ӯ барои аҳли оилааш, хоса писари дӯстдору эркааш Комрон зарбаи сахти сангини тақдир буду рӯҳу равонашро шикаст дод. То имрӯз рӯҳу равони Комрон бар осори ҷароҳати бардошта аз он рӯзгор азият мекашад. Баъди ҷарроҳӣ Комрон чанд муддат аз тамрини футбол дур шуда буд. Бар асари захми носури асабхора, ки ӯ аз рафтани падар азоби рӯҳӣ дошт, ҳавову ҳавсалаи футболкорӣ дар қалбаш мурда буд. Аммо дастгириву кӯмакҳои бедареғи мураббиҳову ҳамдастагонаш ӯро будора ба майдони футбол оварданд. Аз соли пайвастанаш ба ҳайати асисии “Тегар-тадАЗ”, Комрон Турсунов қариб дар ҳама дидорҳо ба майдон баромада, чун ҳамлагари беҳтарин аз худ маҳорати олӣ нишон дода, ҳар сол ба хазинаи дастмӯзаҳояш то 14-голӣ зам намудааст. Ба иқрори мураббиёни тими мазкур, дар ғолибияти “Регар-ТадАЗ”, ки соли 2016 соҳиби Ҷоми ФФТ гардид, саҳми Комрон низ чашмгир будааст. Комрон феълан дар бошгоҳи “Истиқлол” заҳмат мекашад. 
                                               

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив