LIVE

"Регар-ТадАЗ" қадраш накард. Равзанаи рӯзгори як футболкор

Дар кӯчаҳои хокиву чангтӯдаи зодбуми ба ҷонаш баробари шаҳри Турсунзода давраҳои бачагӣ меронду оғӯши гарми ҳароратгунаи модараш мудом маскану маъмани оромишу роҳату ҳаловаташ буд, ки ту гуфтӣ, варо дар ҳар фурсати фосила, ки ба гоҳи бозӣ бо бачаҳои дигар нафасе имкони каноре нишастан даст медод, ба олами зеботарин ангораи рӯъёи зиндагиш бо орзуҳои барош дар ун ғоту аҳду овон дастнорасу осмонӣ парвоз мекард самоҳои булунди буланд, ки буландтар аз куҳҳои осмонбӯс. Ки шояд рӯзе армону ҳавасҳои қалби як бачаи кӯчаки гарояндаи футбол, ба хосту хоҳиши Парвардигор ва ҳам тақдиру қисмати ишнокарда дар пешонааш ба гоҳи таваллуд аз сӯйи Будгор, ӯро ба дунёи ҳақиқат мепайвандад. Вале, дар ин асно чун ба ақлу идрок расиду шуълаи муҳаббатбори дилаш ба тобиши дигар аланга гирифт, дасти сарди қисмати боғбони боғи сарсабзи умри варо дар ғояти беҳадди бадӣ, ғуррамарг карду азаш рабуд. Бачаи 10 солаи шабеҳи мурғи паруболканда дар нимароҳи пайраҳаи қисмат ҳайрону нолон монду на ки як пуштибону дастгир надошт дар шумули аз худ бародари бузург, балки аз дудаи падарӣ ҳам касеро надошт. Ба футбол равад, бо бачаҳои кӯча пайвандад ё раҳ сӯйи дабистон бигирад, бале, дигарам чӣ илоҷ дошт ба ҷуз роҳи мактабу маорифу илму дониш, ки модари омӯзгор тарбиятгари ӯву хоҳаракаш буд. Ва бо талошу ҷаҳди ҳамвора ба по хесту ба қасди шикасти армону ҳавасҳои дилаш, яз ягон садду монеа наҳаросид. Оғози қиссаи рӯзгори ба андак ғамолудаи писарбачае буд, ки имрӯз дар олами футбол аз шуҳрату шон ва мақому мартабаи воло бархӯрдор бувад. Дар ин матлаб аз гардиши чархи фалаки футболкоре бароятон ҳикоят мекунем, ки ба ҳама ошност. Алишер Додов!  

4-уми августи соли 1981 барои оилаи Маҳманназар Додов ва завҷаи ӯ Саломат Додова рӯзи хушу хотирмону шодӣ буду бас, ба далелу дастаки ранҷаи қудуми мубораки ҳадяи бузурги будгор, ки ту гуфтӣ, ба хонаводаи эшон шербачаи сиҳату солимеро ато кард. Хуни нофи меҳмони навзод, ки дар чаҳордевори манзилу маскани қадимаи падарӣ, яъне зодмумаш шаҳри Турсунзода рехт, аҳли вждод сари маслиҳату машварат нишастанду ба қарори қатъие расиданд, ки шербачаашонро исми мувофиқу муносибе диҳанд, Алишер. Бо ҳамин минвол Алишер овони бачагиҳову айёми беғамиҳоро ҳам дар зодгоҳаш шаҳри Турсунзода гузора мекарду ғарқи шодиву сармасти аҳди кӯдакӣ дар кӯчабоғи гулрези  рангингунаи бачагӣ, бо хаёлу орзуҳои олудаи давраҳои беғашӣ, шабеҳ бар он, ки мечашид шаҳду шарбати зиндагӣ. Вале, рӯзгор пастиву баландиҳои беш дораду бешумор. Хушбахтии Алишер деру дур давом наёфт, тақдиру қисмати талх корашро дар ҳаққи ин тифлаки кунун гулкардаи домани сабзи орзуҳо бераҳм анҷом дод, Алишер дар доди фаротари 10 солагӣ буд, ки қиблагоҳаш аз дунёи фонӣ реҳлат басту ӯро, лахти ҷигарашро, бачаи ба сад ҳавасу умедҳо парвардаву катакардаашро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо монду армони рафт. Даргузашти нобаҳангоми падар ва тоқату таҳаммули ин дард барои Алишер саҳлу сабуку сода набуд, балки қоматашро шикаст, орзуҳояш сари роҳ монданд. Маҳманназар қурбонии замони нооромиҳои сиёсии мамлакат шуду ғуррамарги зиндагӣ. Аммо, чӣ қудрату тавоне ҳаст, ки ба зӯри аҷал баробар шуда тавонад?, ҳиҷ. Вале, ҳаёт идома дорад. Баъди сари сутуни хонадон, тарбияи минбаъдаи Алишер бар зимаи модараш уфтод. Бону Саломат, кушид, то ба сари ҷигарбандони бепадараш касе назанад, санги маломат. Бад-ин далелу андеша, шабу рӯз заҳмат кашиду бо нони ҳалоли омӯзгорӣ 5 бачаашро хӯронду пӯшонду таълиму хату саводи кофӣ бахшид. 

Алишер ба қибали қалби саршору муҳаббатвора ба футбол ва аз ҷиҳати шайдоиву ишиқ буданаш ба ин пешаву пайраҳа, чун ба доди 13-14 солагӣ қадам ниҳод, ба якбора ба футбол эрмак шуду ба садбора ба он дил бой дод. Ҳарчанд ҳолову ҳанӯз ғаму алами падар ба дардаш чу захми носур кора мекард, лек бо қалби пораву ғурбати талхова ба суни даричаи орзуҳояш дамеву нафасе аз талошу такопу дасту дил намешӯст. Сар аз соли 1994 ба футбол мароқу муҳаббати устувор дар вуҷудаш бедор шуду дигар машғулияти писандидаву ҳамешагияш футбол шуд. Ӯ буду майдончаҳои назди хонаву давутозу бозии футбол, ӯ буду ҳавои ҳавасу ҳавсалаи ҳамвораи ташнагии футбол. Тибқи мушоҳидаву хулосаи мураббиёну мардони корозмуда, ҳунару истеъдоди Алишер аз азал ба ҳайси як дарвозабони моҳир росту дурусту раво буду бас, чаро ки ба ҷиҳати тӯбронӣ дар майдон, аз ҳамтоёнаш қафо мезад. Ва дар фурсату фосилаи кӯтоҳ, ӯ аз худ ба ҳайси дифогари дарвозаи даста маҳорату малакаи вижа манзур сохту ҳамсолону ҳамтоёнашро ҳамеша моту мафтун мекард, ки ту гуфтӣ, дигар ҳамагон ба ахгараки фурӯзандаи вуҷуди як бачаи сарсупурдаи пешаи паймуда қоил буданду бас. Дар ин аснову бад-ин тариқу муҳтаво, ҳунараш ба ҷилову ҷилваи ҷолиб ба тобу тобиши тобандаи тамом расиду суфтаву сайқал ёфт, чун ӯ аллакай зери дасти мураббии кордону роздони раҳматӣ Аҳмад Ҷураев воре мардаки соҳибтаҷриба ба машқу тамрини футбол машғул буд. Бо ҳамин шева фаротари чанд фурсату фосила Алишер сахту пухта майдондорӣ карду дар ҳайати дастаи бачагонаи “Регар-ТадАЗ” ба ҳайси як бозигари наврас аз шуҳрату шони хоса бархӯрдор гашту аз соли 1999 аллакай дар ҳайати дастаи “Металлург” барои ба даст овардани Ҷоми “Ширкати алюминии тоҷик” ҳунарнамоӣ мекард. Алишери акнун пурҷӯшу хурӯши футболро ба ҷиҳати нокофӣ будани таҷрибаву маҳорату малака, ба ҳайати асосии бошгоҳи зодгоҳаш “Регар-ТадАЗ”–и Турсунзода ҳиҷ напазируфтанд, ки напазируфтанду ӯро ба дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ барои таҷрибаомӯзӣ фиристоданд. Алишер дар ғояти ошуфтагиву пурайшонӣ нангакиву зӯракӣ як сол майдондорӣ кард, то арзанда ба маънанаш баргардаду шолими бошгоҳи писандидаву бачагияш шавад. Вале ҳамоно ӯро чун футболкори расида қабул надоштанд. З-ин рӯ ӯ маҷбур шуд боз ҳам барои сайқали маҳорати дарвозабонии худ боз як соли дигар берун аз бошгоҳи зодбумаш ҳунар омӯзаду малака сайқал диҳад. Мавсими 2002 Алишер ба дастаи “Ансол”-и шаҳри Кӯлоб рафт ва як соли дигар дар ин даста майдондорӣ намуд. Соли 2003 ум бошад ба ҳайати асосии “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода пайваст, ки он солҳо бо ҳайати мукаммали худ муқтадиртарин бошгоҳи футболии Лигаи олии кишвар буд. Алишер то фарҷоми шуҳрати варзишӣ дар ҳамин бошгоҳ дар мавқеи дарвозабон заҳмат кашидааст. Дар солҳои фаъолияти пурсамари хеш, қаҳрамони қиссаи мо бо бошгоҳи худ “Регар-ТадАЗ” 5 дафъа, солҳои 2003, 2004, 2006, 2007 ва 2008 унвони қаҳрамонии Лигаи олии футболи кишварро соҳиб шудааст. Инчунин дар ҳайати металлургчиён 4 дафъа Ҷоми Тоҷикистонро тори сар бардоштааст. Маҳорату малакаи волои дарвозабонии Алишер аз мадди назари ФФТ низ берун намонд, ин буд ки ӯро бо ҷоизаи беҳтарин дарвозабони Тоҷикистон дар соли 2009 қадрдонӣ карданд. 

Конфедератсияи футболи Осиё дар зарфи 2005-2014 барои кишварҳои рӯ ба рушди қора мусобиқаи Ҷоми Президенти КФО-ро роҳандозӣ кард. “Регар-Тадаз” аз нахустин иштирокчии ин маъракаи футболӣ аз Тоҷикистон буд. Дар соли нахустини ширкат, футболбозони шаҳри Турсунзода дар финали ин мусобиқот дастаи “Дордой”-ро бо ҳисоби 3-0 шикаст доданд. Дар идома бошад солҳои 2008-2009 “Регар-ТадАЗ” ду раҳ пайёпай дар ин мусобиқоти бонуфузи қоравӣ баранда шуданд. То имрӯз ин дастоварди бошгоҳи мазкур аз ҷониби тимҳои дигар такрор нашудааст. Дар арсаи байналмилалӣ Алишер Додов сар аз соли 2007 то соли 2016 шарафи мунтахаби кишварро низ дифоъ намудааст. Ӯ тӯли ин солҳо бо пироҳанҳои миллипӯшони кишвар 15 дафъа ба арсаи рақобатҳои мухталиф ворид шудаст. Соли 2016 барои Алишер Додов ба чанд далел ба ҳадди барош зарурӣ соли бахту барор набудааст, чаро ки ӯ ба шуҳрати варзишияш ғайричашмдошт нуқта гузошт. Ҷурми ин ҳодиса ҷароҳати вазнини пойи ӯ буд ва ҳарчанд ҳамоно мехост ҳунарнамоияшро дар ҳайати “Регар-тадАЗ” идома бубахшад, вале ба иқрори Алишер, роҳбарияти бошгоҳ дигар бо ӯ тамдиди ҳамкориро нахостанд, ки барои табобаташ кӯмакаш накарданд. 

Лутфуллои Азиз

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив